Гар бигӯям зи назари ёр ниҳонаст , ғалат
Вар бигӯям ки ба ҳар дида аёнаст , ғалат
Шаш ҷиҳати файзпазир аз назар раҳмат ӯст
Вар бигӯям ки ба сӯе нигаронаст , ғалат
намекашад зорам ва гунаҳӣ нест маро
Вар бигӯям ки марои душман ҷонаст , ғалат
Тири длдўзи шаҳидони ҳама аз таркиш ӯст
Вар бигӯям ки аз он шаст ва камонаст , ғалат
Ҷузи гумон ҳеҷ надорам ба каф аз сидқи хабар
Вар бигӯям ки ҳамин маҳз гумонаст , ғалат
Урфӣ ар бехабарат хонд , ғалат нишморӣ
Гавҳараш гар бишносӣ з чаҳ конаст , ғалат