Чунин ки омадаи манзури лутфи шоҳи чароғ
Ба ноз гӯ башикан гӯшаи кулоҳи чароғ
зи нури маърифати ҳақ , шоҳ дар сухан аст
Сабоҳи талъати хуршеду шомгоҳи чароғ
Ба равшании шабу рӯзи замона яксон аст
Аз он замон ки ҷаҳон маҷлисасту шоҳи чароғ
Фурӯғи носиаҳи рӯзгори Акбари шоҳ
Ки барфурӯхт ба дилҳо з ҳар нигоҳи чароғ
Чароғ ҳастиаш аз нур мутлақаст ки ҳаст
Ба чашми фақри чароғ ва ба чашми ҷоҳи чароғ
Чароғи мо шудаи манзури шаҳ ба дасти адаб
Фалак гузошта бар гӯшаи кулоҳи чароғ
Ба роҳи маърифати ҳақ чу дошт ҳодии хеш
Чароғро каси набард ба пеши роҳи чароғ
Тавофи анҷумани шаҳ , чароғи роҳ дил аст
Варои урфии азин анҷуман махоҳ чароғ