Сад фавҷи ишва аз назари ман гузашта аст
То шаҳсавори ишвагар ман гузашта аст
Чун нагзарад ба ҷавр ки аз роҳи таҷриба
Бар нолаҳои бе асари ман гузашта аст
Бечораи офият ки зи вай то бурӣда ам
Умраш ба ҷустани хабари ман гузашта аст
Шодӣ ба дастгирӣ ман омад , маро наёфт
Сад тираи оби ғами зи сари ман гузашта аст
Ҳар ҷо ки бигузарам ба талаби нақши пои ғам
Кони фитнаи хуй бар асари ман гузашта аст
Урфии ббзми қудс бар он назми гавҳараш
Конҷои ҳикоят аз назари ман гузашта аст