Мо лиззат фақрем , сахоро нашносем

Носӯрӣ захмем , шифоро нашносем

Мо тоир қудсем , саросема дар ин даҳр

Кайфияти ин обу ҳаворо нашносем

Меҳри лаби мо бишиканади ошӯби баҳорон

Мо боғ малулем наворо нашносем

Мастем ва надорем дили офияти андеш

Мо кашмакаши рӯзи ҷазоро нашносем

Дар маъракаи рибу риёи умр ба сар шуд

Зон чеҳра шиносем вафоро нашносем

Дар роҳи вафои кӯшишу нозони сӯии мастӣ

То сар наравад ҷунбиши поро нашносем

Як нола ошуфта фурушем ба сад ком

Ороиши бозори дуоро нашносем