Ҳаргизи гила аз дӯст ба муҳаррам нафурӯшам
Гар муштарӣам дӯст шавад ҳам нафурӯшам
Аз шӯриши ғам бо дару девор ба ҳарфам
Рафт он ки ба осӯдаи дилон ғам нафурӯшам
Ҳаргизи нгшоим дар дукони ғами дил
Вонгаҳ ки дукон боз кунам кам нафурӯшам
Зон аҳл нифоқам напасанданд ки ҳаргиз
Қавли ғалату феъл мусаллам нафурӯшам
Урфии дили обод ба як ҷӯ нахирад ишқ
Ман ҳам дили вайрон ба ду олам нафурӯшам