То кӣ даҳум ба дасти тамошои зимоми чашм

Фолии занам ки гиря бар ояд баноми чашм

эй гиря бемузоиқа аз дар дро ки ман

Ҳар дам ба хӯн дил бинивисам саломи чашм

Аз бас ки ҳайрат омад ва бегонагӣ фузуд

Имшаби хаёл дӯст нигарадед роми чашм

Сад навҳа ҳаст бар лаб ва насупурда роҳи гӯш

Сад гиря ҳаст дар дил ва нашунида номи чашм

Урфии фусурда чун набӯд маҷлисам ки боз

Холӣаст шишаи дил ва хушкаст ҷоми чашм