Аз дили ғам ӯ дареғ дорем

Ин май зи сабу дареғ дорем

То дар сари кӯй ту билағзанд

Пой аз лаби ҷӯ дареғ дорем

Дузем зи чоки синаи марҳам

Зини рахнаи руфӯ дареғ дорем

Худ чист матоъи дайн ки он ро

Аз рӯй накӯ дареғ дорем

Сероб ва муаззазем , шояд

Об аз саги кӯ дареғ дорем

Олами ҳамаи риш ва он маи мо

Як ханда аз ӯ дареғ дорем

Ту гул ба ҷаҳон фишонӣ ва мо

Сангаши зи сабу дареғ дорем

Урфии бад мо магӯ ки асрор

Аз биҳдаҳи гӯ дареғ дорем