Соғари зи дасти мардуми озода чун кашем
Лабрез гаштаем зи хӯн , бода чун кашем
Мо рӯй гармро , дилу ҷон вақф карда ем
Ин тӯҳфаи пеши абрӯии нкшодаҳ чун кашем
Дилро надодаанду анонаш ба даст ӯст
Мо аз кафши Аннан дил дода чун кашем
Моро буд муомила бо олами қадим
Миннат аз ин ҷаҳони адами зода чун кашем
Мо марди дастгир касе нестем , лек
Домани зи дасти мардуми озода чун кашем
Манзили дарозу табъи ҷавонмарду вақт кам
Даст аз миёни душмани устода чун кашем
Дилро Аннани гирифта санам мекашад ба дайр
ӯро ба ваъз бар сари саҷҷода чун кашем
Бар дасти пери миннати саҷҷода лозим аст
Ин нақш бар ҷабини дили сода чун кашем
Урфии биҳишти насяу базми висоли нақд
Даст аз Аннани давлати озода чун кашем