Ошиқии дукони расвоӣ ба шаҳр ва кӯ манеҳ

Бар дами шамшер на рӯ бар сар зону манеҳ

Ишқ аз бозича бишнос , уммат маҷнӯн мабош

Сар ба ёди чашми ҷонон , дар пай оҳӯ манеҳ

Дил буд шоистаи дардӣ ки аз сад дили яке

Тӯҳмати дард аз барои шиква бар ҳар мӯ манеҳ

Дард агар ором гирад , дасташ аз доман бидор

Офиятгар ғам шавад , зонуаш бар зону манеҳ

Мӯ ба мӯ аз дард бе дармони лаболаби шӯ , вале

Гар бисоти марги бистари бошиддат , паҳлу манеҳ

Кӯҳи алмос ар шавад шавқу таманно дар дилат

Бо касе дар ҷилавгоҳи дӯст , урфӣ , рӯ манеҳ