Шаб нашуд аз тоби таби перҳани оташкада
Перҳанами шуъла буд , анҷумани оташкада
Сӯрати ширини бкошт , гулшанӣ аз хору хас
Баҳри худ омодаи сохт , кӯҳкани оташкада
Синаи сӯзони ман , қиблаи габрон шуда аст
Рӯҳи ман оташ буд , ҷисми ман оташкада
Сард нагардад зи марг , эй дил оташ фурӯз
Май барам аз перҳан дар кафани оташкада
Рӯи сӯии гулхан дило , боғ ва гулистон машав
Бас ки бар афрӯхтӣ дар чамани оташкада