Ман сайди ғами ишваи намое ки ту бошӣ

Бемор ба умеди давое ки ту бошӣ

Лутфӣ ба касон гар накунад айб бигиранд

Ғорат зада меҳру вафое ки ту бошӣ

Мардуми ҳамаи ҷӯянди нишоту тарабу айш

Ман фитнау ошӯби балое ки ту бошӣ

эй бахти зи шоҳӣ ба гадоӣ нараседем

Дар сояи маймуни ҳумое ки ту бошӣ

Аз бас ки млоик ба тамошоӣ ту ҷамъанд

Андеша нагунҷад ба сарое ки ту бошӣ

Хуршед ба гирди сар ҳар зарраи бигардад

Он ҷо ки хаёли ту ва ҷое ки ту бошӣ

Урфӣ чаҳ кунадгар ба зиёфати барадаши васл

Бо неъмати дидори гадоӣ ки ту бошӣ