Бирав Масеҳ ки фикри фироқи ман ғалат аст
Ғалат макун ки алоҷи димоғи ман ғалат аст
Нишони пои ман овораге биҷуст , наёфт
Ба дашти гум шудагиҳо суроғи ман ғалат аст
зи устихон эй боғи дӯст маъмур аст
Тарона ӣ гила олуд зоғи ман ғалат аст
На андалеби чамани зорам , аз биҳишт магӯ
зи гулхан омадаам , кишти боғи ман ғалат аст
Кунун ки лиззати алмос аз намак рӯ тофт
Киришмасанҷӣ марҳам ба доғи ман ғалат аст
Ҳаловатӣ ки тавон ёфтан ба хӯни ҷигар
Шикастани ҳавасаш дар димоғи ман ғалат аст
Мтоз бар асари нури вғзи ман , урфӣ
Ки пайравӣ ба фурӯғи чароғи ман ғалат аст