Хомӯшии ман қуфли ниҳони хона ишқ аст

Афсонаи ман гиряи мастона ишқ аст

Девонаи дили ман ки дарав фитна занад ҷӯш

Ганҷӣаст ки ороиши вайрона ишқ аст

Шӯрида шуд аз нохуни ишқи ин дили сад шох

Ин зулфи парешон шуда аз шона ишқ аст

Сад дашна хӯрд ақл ки хорӣ кашад аз пой

Инҳо гул онаст ки бегона ишқ аст

Аз мантиқ ва ҳикмат накушояд асари шавқ

Инҳо ҳамаи ороиши афсона ишқ аст

Ҳар шамъ ки дар анҷуман даҳр барафрӯхт

Гар оташ тавраст ки парвона ишқ аст

Урфии дил афтодаам аз каъба чаҳ ҷӯӣ

Дерӣаст ки ӯ фарши санами хона ишқ аст