Ман булбули он гул ки гулобаши ҳама хӯн аст
Мурғобии он баҳр ки обаши ҳама хӯн аст
Хӯнам ба гулӯи рез ки бемори муҳаббат
Ошӯб нишонаст ва ба обаши ҳама хӯн аст
Девона ӣ ишқем ки ин шоҳиди сармаст
Ишқаши ҳама захмасту ҳиҷобаши ҳам хӯн аст
Кавсари лаби хушку ҷигар ташна фиристад
Дар бодия ӣ ишқ ки обаши ҳама хӯн аст
Аз сайд ба хӯн гашта мапарҳез ки сайёд
Ороиши фитроку рикобаши ҳама хӯн аст
Оташ чаҳ ва сарчашма кадомаст ? мапурсед
Саҳрои муҳаббат ки саробаши ҳама хӯн аст
Урфии ғами дил боз напурсӣ ки дили мо
Мастӣаст ки дар ҷоми ҷавобаши ҳама хӯн аст