Хуноби оташини зи сари ман гузашта аст
Венаи сайли оташ аз ҷигари ман гузашта аст
Мурғи ҳавои хулдам ва то пар гушӯда ам
Сад тири ғами зи болу пари ман гузашта аст
Ман додаам ба ишқи ту дил , дар забони халқ
Доими ҳикоят аз хатари ман гузашта аст
Дил сайд гашта , кунун , кор бо қазост
Кор аз фиғону алҳзри ман гузашта аст
Бар айши талх ман мабар эй муддаии ҳасад
Сайлоби заҳр бар шикани ман гузашта аст
Ҳар гуҳ ки дидаам гул рӯй хаёли дӯст
Дар ранги душман аз назари ман гузашта аст
Аз ман куҷо ба суҳбат урфӣ сазад ки ӯ
Айбаши зи поя ӣ ҳунари ман гузашта аст