Ҳам зи васфи лабат забон хаҷаласт
Ҳам зи зулфи ту машк ва бон хаҷаласт
То даҳону рухи турои диданд
Ғунчаи дили танг ва арғавон хаҷаласт
Дил ба ҷон аз рухи ту бӯеи хост
Солҳо рафт ва ҳамчунон хаҷаласт
Дидаро бо рухи ту корӣ рафт
Дили бечора дар миён хаҷаласт
Узри меҳмонам , эй сабо , ту бихоҳ
Ки ту доне ки : мизбон хаҷаласт
эй қалам , шарҳи ҳол ман банавис
Ки з бехидматӣ забон хаҷаласт
Авҳадӣ кӣ ба пешгоҳ расад ?
Онкӣ аз хок остон хаҷаласт