зи мо будӣ , ҷудо бӯдан раво нест
Яке гуфтӣ , дуе кардан сазо нест
Вуҷӯди худ зи мо холӣ мапиндор
Ки нақш аз Нақшбанди худ ҷудо нест
Сароеи сохтӣ андари димоғат
Ки ғайр ар хоҷаи чизе дар саро нест
Бунаи тан бар ҳалок , аз хеши бинӣ
Ки дарди хеши биниро даво нест
Чу хўдроён ба худ ҷустии ту , моро
Ғалат кардӣ ки : бе мо раҳнамо нест
Касе кӯ аз ҳавоӣ хеш бигузашт
Мабар номаш , ки мурғи ин ҳаво нест
Агар зон бе нишони ҷӯии нишоне
Ба ҷое боядат рафтан ки ҷо нест
Дарин бустони зи баҳри сояи сарв
Талаб кун сидрае , каш мунтаҳо нест
Мубин , эй Авҳадӣ , ғайр аз худои ҳеҷ
Ки чун воқифи шӯии ғайр аз худо нест