Гар сиррӣ дар сари кор ту шавад чандон нест

Бо ту сахтӣ ба сиррии кор хирадмандон нест

Гардани мо зи басии доми буруни ҷуст ва кунун

Сар ниҳодем ба банди ту , ки ин банд он нест

эй дил , аз майл ба чоҳи занах ӯ дорӣ

Ба гунаҳ кӯш , ки зеботар азин зиндон нест

Шамсро дидам ва мисли қамараш нур надошт

Пистаро дидам ва ҳамчун шукраш хандон нест

Санги ҷонӣ , ки ба симини тан ӯ дили надиҳад

Беш азинш ту махон дил , ки кам аз санадон нест

Дар ҷаҳони нӯши лабиро нашиносам имрӯз

Ки ғуломи даҳан ӯ зи бен дандон нест

Мӯҳтасибро агар он чеҳра дар ояд ба назар

Узрҳо хоҳад ва гуяд : гунаҳ аз риндон нест

Авҳадии шоди шӯ аз дидан ин рӯй ва махӯр

Ғам бе фоидаи чандин , ки ҷаҳон чандон нест