Бо ман аз шодии васли ту асар чизе нест
Дил ришасту тани зор ва дигар чизе нест
Дили ман барадӣу гӯйӣ ки : надонам ки куҷост ?
Аз сари зулфи сиёҳи ту ба дар чизе нест
Синаро сохта будам сипари тири ғамат
Дили ниҳодам ба ҷароҳат , ки сипар чизе нест
Бадви чашмат ки : мробии ту ба шабҳои дароз
То дами субҳ ба ҷузи оҳи саҳар чизе нест
Гуфтае : дард туро нест нишонеи пайдо
Ашк чун сим бибин , рӯй чу зар чизе нест
Обрӯе набӯд пеши ту ман баъди маро
Ки барин чеҳра ба ҷузи хӯни ҷигар чизе нест
Дигаронро ҳамаи асбобӣ ва молӣ бошад
Авҳадиро биҷузин дидатар чизе нест