Нигар : магарадгар он сару сим бар бигузашт ?
Ки : оби дидаи назорагони з сар бигузашт
зи ман чу зон рух ҳамчун қамар нишон пурсед
Расед бар фалаками оҳ ва аз қамар бигузашт
Ту бахти байн ки : нхФтми шабии ҷузин соъат
Ки хуфта будаму давлати зи пеш дар бигузашт
Кадом парда бимонад дурусту пӯшида ?
Бад-ӣни тариқ ки он тарки парда дар бигузашт
Дигар ба панди падари гӯши брнкрд касе
Ки аз муқобил ӯ рӯй он писар бигузашт
Мусофирӣ , ки ба шаҳр омад ва бидид ӯ ро
Надидаем каз он остон дар бигузашт
Чу дид он сари зулфи дароз дар камараш
Сиришки дидаи хўнризм аз камар бигузашт
з ман бипурс газанди ҷароҳати дили риш
Ки чанд навбатами ин новак аз ҷигар бигузашт
Чу Авҳадӣ нашудаш дил ба ҳеҷ навъи дуруст
Ҳар он шикаста ки ин тираш аз сипар бигузашт