То бар дӯст бор натавон ёфт

Дил бар мо қарор натавон ёфт

То наёяднигор мо дар кор

Кори мо чун нигор натавон ёфт

Бедаҳону лаб чу шукр ӯ

Ошиқонро шикор натавон ёфт

Гар бпрсиднм наад гомӣ

Ҷузи дилу ҷон нисор натавон ёфт

Ба ҷузи андари даҳону ҷузи лаб ӯ

Зиндагонӣ дубор натавон ёфт

Дар ҷаҳон аз шумори шухӣ ӯ

То ба рӯз шумор натавон ёфт

Бар вафо дил манеҳ , ки хубон ро

Ба вафо устувор натавон ёфт

Авҳадӣ , кор ишқ кун , ки ба нақд

Ба азин ҳеҷ кор натавон ёфт

Пои дор , ар бигирадат ғами ишқ

Ишқ бегир вадор натавон ёфт