Шабӣ ба тарки сар хештан бихоҳам гуфт

Ҳикояти ту ба мард ва ба зан бихоҳам гуфт

Ҳадиси чеҳрау қаду рухи ту сари тоср

Ба пеши сӯсану сарв ва саман бихоҳам гуфт

зи чини зулфи ту рамзӣ чу нофаи сарбаста

Дарин ду рӯз ба машк хутан бихоҳам гуфт

Ҳикояти зқну зулфу оризат , яъне

Ҳадиси Юсуфу чоҳ ва расан бихоҳам гуфт

Ба ҷон расед дарин перҳани танам бе ту

Ба тарки суҳбати ин перҳан бихоҳам гуфт

Рақиби қиссаи дардам ки гуфт ме гӯям

Раҳо макун ки бигӯед , ки ман бихоҳам гуфт

Ҷиноятӣ ки ту бар ҷон Авҳадӣ кардӣ

Гарм ба гӯри барӣ дар кафан бихоҳам гуфт