эй тайраи шаби турраи хуршеди паноҳат
Ороиши олами рухи рангин чу моҳат
Тоби дили ноҳиди зи боди хами зулфат
о б рухи хуршеди зи хоки сари роҳат
Дебочаи хӯбии варақ рӯй мунират
Унвони шигарфии рақами хати сиёҳат
Бар ришта парвин зада сад сӯзани таъна
Тобидани акси гуҳар аз банди кулоҳат
Аз хок фузун гашта сиёҳи ту , валикин
Оташ зада савдои ту бар қалби сипоҳат
Фардо ба қиёматгар азин гӯнаи броиӣ
Эзад , на ҳамоно , ки бипурсад зи гуноҳат
Наздик шавад бо фалак аз рӯй баландӣ
Рӯзӣ ки кунад Авҳадӣ аз даври нигоҳат