Биё , ки дидан рӯят муборакаст сабоҳ

Биё , ки зинда ба буи ту мешаванд арвоҳ

Туе , ки васли ту ҳар дардро буд дармон

Туе , ки номи ту ҳар бандро буд мифтоҳ

Фурӯғ рӯй ту бар ҷони чунон таҷаллӣ кард

Ки бар саводи шаби тираи партави мисбоҳ

Ба ростӣ ки : назирати куҷо ба дасти орад ?

Ҳазор солгар офоқ тай кунад сайёҳ

Ман аз шариъати ишқ ту дорам ин фатво

Ки : май парастӣу риндӣ ва ошиқӣаст мубоҳ

Салоҳи мо ҳама дар гӯшаи хроботст

Чаро маломат мо мекунанд аҳли салоҳ ?

Сазад ки : хор хуранд аз рухи ту гули рӯйон

Ки блблисти турои ҳамчуи Авҳадии маддоҳ