Ёди ту моро чу дар хаёли бигардад

Ақл парешон шавад , зи ҳоли бигардад

Чун ту писари модар сипеҳр назояд

Гирди ҷаҳонгар ҳазор соли бигардад

Моҳ набинад ситорае чу ҷабинат

Гар чаҳ басӣ бар сипеҳри золи бигардад

Хати сияҳ май дамади зи рӯяту зинҳор !

То нагузорӣ ки : гирди холи бигардад

Ақл надорад , ки тарк рӯй ту гуяд

Чашм набошад , казон ҷамоли бигардад

Дар ҳаваси бӯсаи тўоим вале нест

Зуҳра ки каси гирди ин саволи бигардад

Тан бизан , эй Авҳадӣ , сухан чаҳ фурӯшӣ ?

Хуии бади некӯон ба моли бигардад