Ҳар дам аз хонаи рух бадар дорад

Дар паии ошиқӣ назар дорад

Ҳар замони маст бар сари кӯе

Бо касе даст дар камар дорад

Ёри он кас шавад , ки минўшд

Дасти он кас кашад , ки зар дорад

Дӯст гирад ниҳон ва фош кунад

Мухлисонро дарин хатар дорад

Ҳар ки қлоштар зи мардуми шаҳр

Пеш ӯ роҳ бештар дорад

Дар харобот мо шавад ошиқ

Ҳар ки савдои дард сар дорад

Ёри тарсои мо , матарс аз кас

Ошиқии худ ҳамин ҳунар дорад

Мазан , эй Авҳадӣ , ба ҷуз дар дӯст

Кон дигар хонҳо ду дар дорад