Таркам ба ханда чун даҳани танг боз кард
Дилро лабаши зи танги шукр бениёз кард
Кофар , ки рухи зи қиблаи бпичидаҳ буду сар
Чун қоматаш бидид ба рағбат намоз кард
эй дилбарӣ ки ориз чун офтоби ту
Бар муштарии киришма ва бар моҳ ноз кард
Аз дарди дил чу мор бипечед солҳо
Ҳар бедилӣ , ки ақраби зулфи ту газ кард
Бо сӯрати хаёли ту дил хилватӣ гузид
Вонгаҳ бар ваии ин дгарон дар фароз кард
Пайвастаи ман зи ишқ ҳазар кардамӣ , кунун
Он чашмҳои шӯхи маро ъшқбоз кард
Кӯтоҳ гашта буд зи ман дасти ҳодисот
Зулфи ту кор бар ман мискин дароз кард
Рафтӣ , паии ту пардаи халқӣ дарида шуд
Ин пардаи байн , ки бори фироқи ту соз кард
Пинҳон бар Авҳадӣ задае тири чашми маст
Натавон зи пеши захми чунин эҳтироз кард