Ҳавасати мӯътакифи хона хуморам кард

Ишқат аз савмиъау мадриса безорам кард

Хотирамро зи ҳадиси ду ҷаҳон боз оварад

Лаби лаъли ту ба як ишва , ки дар корам кард

Шӯрҳо дар сар ва бо халқ намеёрам гуфт

Захмҳо бар дилу фарёд намеёрам кард

намешунидам ки : шавад нек ба шарбати бемор

Шарбатӣ дод хаёли ту , ки беморам кард

Ман надонам сабаби гарму гудозӣ ки марост

То чаҳ зӯрасту таъаддӣ ки чунин зорам кард ?

Соя Эй будаму акс ту бапушед маро

Зарра Эй будаму нури ту падедорам кард

Дида то боз гушӯдам бтў , андеша бибаст

Дар ба рӯй ҳама ва рӯй ба деворам кард

Онкии андари ақаби ман ба тааббуд кушед

Баъди азин ҳол надонист ки инкорам кард

Мурда будам , ба суханҳои ту гаштами зинда

Хуфта будам , сифати ҳасани ту бедорам кард

Бода ҳар ки чашидам сабаби мастӣ буд

Авҳадӣ зон қадаҳӣ дод , ки ҳушёрам кард