Чун гиреҳ бар сари он зулфи ду тоа андозад

Машкро хортар аз хок ба роҳ андозад

Агар он чоҳи занхдон ба сари кӯчаи барад

эй басои дил ! ки дар он кӯча ба ҷоҳ андозад

Назар Зуҳра кунад , ханҷар миррӣх занад

Нур хуршед диҳад , партав моҳ андозад

Чашми он тарки сипоҳӣ ба ҳазимати бабрад

Новаки ғамза чу дар қалб сипоҳ андозад

Гар гувоҳяш биорам ки : марои зулфи ту кишт

Ҳасан ӯ ларза бар андом гувоҳ андозад

Тири ҳиҷрам ба ҷигар дар зад ва андеша накард

Ки дилам дар пай ӯ новак оҳ андозад

Авҳадӣ , дидаи мдўз аз рух ӯ , айбӣ нест

Гар гадои назарӣ бар рух шоҳ андозад