Ҳошо ! ки ҷузи ҳавоӣ ту бошад ҳаваси маро
ё пеши дил гузор кунад ҷузи ту каси маро
Дар сина башиканам нафаси хешро ба ғам
Гар бе ғамати зи сина бар ояд нафаси маро
Фарёди ман зи дарди дилу дарди дили зи тест
Дардам бибин ваҳми ту ба фарёди раси маро
Гирам наме диҳӣ ба чўмни тӯтӣии шукр
Аз пеши қанди хеши марон чун магаси маро
Зини сон ки ҳаст майли дили ман ба ҷонибат
Лайлии ту майли ҷониб ман кун , ки баси маро
Гуфтам ки : бози пас рӯм аз пеши ин бало
Бигирифт сайли ишқи ту аз пеш ва пас маро
эй Авҳадӣ , ҳавои рух ӯ макун далер
Бингар ки : чун гудохта кард ин ҳаваси маро ?