Чун қади ту дар чаман набошад
Чун рӯй ту ёсуман набошад
Андари ҳамаи тангҳои шукр
Ширинтар аз он даҳан набошад
эй боғ , машав ғалати зи рӯйиш
Кини лола дар он чаман набошад
эй бод , мада ба зулф ӯ дил
Кони қоида бешикан набошад
Ҷоно , ситамӣ ки мекунӣ ту
Гар фош кунам , з ман набошад
Фардои сари гӯрам ар биковӣ
Ҷузи доғи ту бар кафан набошад
Пайванд ки бо ту кард ҷонам
Вақте бинӣ , ки тан набошад
Пероҳани васл чун ту ҷонӣ
Бар қомат ҳар бадан набошад
Даврии мгзин , ки Авҳадӣ ро
Ҷузи хок дарат ватан набошад