Рангинтар аз рухи ту гул дар чаман набошад
Чун оризи ту моҳӣ дар анҷуман набошад
Пӯшида ҳар касеро пироҳнист , лекин
Оби ҳаёти касро дар перҳан набошад
Фрҳодўор бе ту ҷон мекунам , нигоро
Фарҳод нест айбӣ ,гар кӯҳкан набошад
Чун вақти бӯса додани гӯйӣ ки : бе даҳонам
Дашном низ додан бар бедаҳан набошад
Зари хостӣу ҷони ҳам , зар камтараст , лекин
Дар ҷон ки мефиристам борӣ сухан набошад
Чун васл ҷӯям аз ту , гӯйӣ : набинӣ , оре
Дидори хуби рӯйон бело ва лн набошад
Чун устувор бошам дар аҳду ваъдаи ту ?
Кин бехилоф набӯд ва он бешикан набошад
Имшаб чу пеши дидаи хӯни рехтии дилам ро
Гар зонка боз гуяд фардо , з ман набошад
Ҷоно , куҷо нишинад бе суҳбати ту як дам ?
Рӯзӣ ки Авҳадиро ташвиш тан набошад