Ба ман аз давлати васли ту муқарар ме шуд

Корам аз лаъли гуҳарбори ту чун зар ме шуд

Дӯш гуфтам : битавон дид ба хобат , лекин

Бо фироқи ту крои хоб муяссар мешуд ?

Борҳо шамъ бикуштам ки нишинам торик

Хонаи дигари зи хаёли ту мунаввар ме шуд

Ақли дилро зи таманнои ту саъйӣ ме кард

Ишқ меомад ва ӯ низ мусаххар ме шуд

Гар чаҳ бисёр бигуфтем наомад дар гӯш

Хуштар аз номи ту , бо онкӣ мукаррар ме шуд

Шарҳи ҳиҷрон ту гуфтам : бинивисам , лекин

Ннўштм , ки ҳамаи умр дар он сар ме шуд

Авҳадиро ғазал имрӯз равонаст , ки шаб

Сифати хат ту мекарду сухан тар ме шуд