Ҳазор нома навиштам , яке ҷавоб наомад

Ба сӯии мо хабар ӯ ба ҳеҷ боб наомад

Дилам кабоб шуд аз ҳиҷри он даҳон чу шукр

зи шукраш чаҳ намакҳо ки бар кабоб наомад ?

Биор ман ки расонад ? ки : бе ҷамоли ту , ёро

Назар ба Зуҳрау рағбат ба офтоб наомад

Шабӣ чу бод ба мо бар гузор кардӣ ва зон шаб

Ду моҳ рафт ки дар чашми мо ҷуз об наомад

Муҳаббати ту , нигоро , чаҳ ганҷ буд ? надонам

Ки ҷой ӯ биҷузин сина хароб наомад

Хаёл рӯй ту гуфтам : шабӣ ба хоби бубинам

Гузашти сад шаб ва дар дидаи ҳеҷ хоб наомад

Ҳазор фикри бикради Авҳадии шикори лабат ро

Вале чаҳ суд ? ки он фикрҳо савоб наомад