Сабо , рамзӣ бигӯ аз ман ба дилдорӣ ки худ донад

Ва гар гуяд : кадомаст ин ? бигӯ : ёрӣ ки худ донад

Магӯ : аз фурқатат чунаст шайдое ки худ бинад ?

Магӯ : аз ҳасратат чун шуд гирифторӣ ки худ донад

Агар чашмаш туро гуяд : з ишқ кист дард ӯ ?

Бигӯ : ранҷур буд аз баҳри беморӣ ки худ донад

Ҳадисӣ гар дарандозад ки : бе ман чун ҳаме созад ?

Бигӯ : бедӯст чун созад ? талаби корӣ ки худ донад

зи рӯйишгар хитоб ояд ки : ҳасташ майли ман ё на ?

Ту пеши зулф ғаммозаш бигӯ : оре , ки худ донад

Даҳонашгар ниҳон гуяд ки : ман бо ӯ чаҳ кардам ? гӯ

Бзири лаб : бёзрдиши як борӣ ки худ донад

Вагар пурсади лабам : ёрӣ чаҳ боӯ кард ? дар гӯшаш

Бигӯ : тақсир кард ӯ низ дар корӣ ки худ донад

Вагар гуяд : ҷафои корам , ки ман зу ба басӣ дорам

Бигӯ : чун Авҳадии дории вафодорӣ , ки худ донад