Аввали фитрат ки нақши сӯрати чин баста анд

Меҳри рӯят дар миёни ҷони ширин баста анд

Зон намакдони лаби ширини шӯрангези ту

Донаи холи сияҳ бар қурси симин баста анд

То касе аз боғи ҳасанати шох сунбул нашканад

Зангёни зулфи ту бар моҳи парчин баста анд

Ҷуз ба чашми тарки мастати хӯни мардум кас нарехт

То баннои куфрро дар чину Мочӣн баста анд

Андалебони чаманро то кунад зор ва назор

Човашони чашми мастат бар гули озин баста анд

Бар умеди хоби мастии дӯш бар тарафи чаман

Булбулони бӯстон аз ғунчаи болин баста анд

То ниқоб аз офтоби талъатат бар доштанд

Авҳадиро хоби хуш аз чашми ғамгин баста анд