Ҳар замони ошуфтаи дил номам кунад

Бо дили ошуфта дар домам кунад

Чун шавад рози дили ман ошкор

Баъд азон пӯшида пайғомам кунад

Гар ба базм ишқ бинишонад маро

Посбони хеш бар бомам кунад

То набинад дидаи ман рӯй ғайр

Бодаи тавҳид дар комам кунад

То набинам низ рӯй ӯ ба хоб

Солҳо бехоб ва оромам кунад

Аз барои васф рӯй хештан

Шуҳраи офоқ ва айёмам кунад

Гоҳ беҳтар дорад аз хосони маро

Гоҳи саргардонтар аз омам кунад

Гар бихоҳад то : бигардади рои ман

Рӯй дар лавҳи алиф ломм кунад

То ки нанишинад замонии оташам

Ҳам нишин бода хомам кунад

Чун шавад кам ишқи ман , ишқӣ дигар

Бо шароби лаъл дар ҷомам кунад

Аз барои онкии бФрибди маро

Пеши халқи эъзоз ва икромам кунад

Чун бихоҳад сӯхтан дар дӯстӣ

Озмоишҳо ба дашномам кунад

Чашмрогар ҳайратии орад ба рӯй

Гӯш бар овоз илҳомам кунад

Чун намонад қӯтам дар пойу гом

Даст гирад зуд ва дар гомам кунад

То набошам бе ҳадиси он ғизол

Дар ғазалҳо Авҳадӣ номам кунад