Гар касе дар ишқ оҳӣ ме кунад
То напиндорӣ гуноҳӣ ме кунад
Бедилӣ гар мекунад ҷое назар
Сунъи яздонро нигоҳӣ ме кунад
Бо дами соҳибдилон хорӣ макун
Кони нафаси кор сипоҳӣ ме кунад
Онкии сангӣ май наад дар роҳи мо
Аз барои хеш чоҳӣ ме кунад
Гар бинолад хастае маъзӯри дор
Заҳматӣ дорад , ки оҳӣ ме кунад
Ишқро он кӯ сипаҳ созад ба ақл
Дафъи кӯҳиро ба коҳӣ ме кунад
Гар кунад риндии назари бозӣ , равост
Мӯҳтасиби ҳам гоҳ гоҳе ме кунад
Як дам аз хотир фаромӯшам нашуд
Онкии ёдам ҳар ба моҳӣ ме кунад
Чанд нолидам ва он бут худ нагуфт :
Кини тазаррӯъ додхоҳӣ ме кунад
Авҳадирогар чаҳ аз ғами бимҳост
Ҳам ба умедаш паноҳӣ ме кунад
Уштур ҳоҷӣ намедонад ки чист ?
Бор бар пуштаст ва роҳӣ ме кунад