Хубрӯёни ҷафои пешаи вафо низ кунанд

Ба касон дард фиристанду даво низ кунанд

Подшоҳони вилоят чу ба нахҷӣри раванд

Сайдрогар чаҳ бигиранд раҳо низ кунанд

Назарӣ кун ба ман , эй дӯст , ки арбоби карам

Ба заъифони назар аз баҳри худо низ кунанд

Бӯсае зон даҳан танг бидиҳ , ё бифурӯш

Кини мтоъист ки бахшанду баҳо низ кунанд

Ошиқонро зибри хеши марон , то бар ту

Зару сар ҳар ду бибозанду дуо низ кунанд

Гар кунад майл ба хубони дили ман , айб макун

Кини гноҳист ки дар шаҳри шумо низ кунанд

Бар забон гар баравад ёди миннат бокӣ нест

Подшоҳон ба ғалати ёди гадо низ кунанд

Тўхтоиии бачае , дар ту хато нест аҷаб

Кончаҳ бар роҳ савобанд хато низ кунанд

Авҳадӣ , гар накунад ёри зи мо ёд , маранҷ

Мо ки бошем ки андешаи мо низ кунанд ?