Мардуми шаҳрам ба май хӯрдан маломат ме кунанд
Соқио , май даҳ , бҳл , к-эйашон қиёмат ме кунанд
Рӯй дар миҳробу дили пеш ту доранд , эй писар
Пишўоёнӣ ки мардумро имомат ме кунанд
Ҳар мақомиро бгрдиднди сайёҳон , кунун
Бар сари кӯии ту оҳанг иқомат ме кунанд
Бар дар масҷид гузорӣ кун , ки пеши қоматат
Дар намоз оянд онҳое ки қомат ме кунанд
Суфиён каз ҳалқа зулфат биҷустанд , ин замон
Додаанд инсофу тартиб ғаромат ме кунанд
Боғбонони хизмати сарву гули андари бӯстон
Солу ма бар ёди он рухсор ва қомат ме кунанд
Ҳам бзири лаб ба дашномӣ ҷавобӣ ме фирист
Ошиқонеро ки зери лаб саломат ме кунанд
Мардуми чашмат ба нштрҳои мижгон чу тир
Синаи моро чаро чандин ҳиҷомат ме кунанд
Авҳадиро аз ҷаҳони чашми саломат буд , лек
Холу зулфати хок дар чашм саломат ме кунанд