Дил аз фироқи шумо дардманд хоҳад буд

Замон ҳиҷр надонам ки чанд хоҳад буд ?

Дареғам ояд аз он , гавҳари писандида

Ки дар тасарруф ҳар нописанд хоҳад буд

Биор бандӣ аз он зулфи анбарин , комрўз

Давои ин дили девона банд хоҳад буд

Дилам чу нола кунад растхез хоҳад кард

Лабам чу ханда кунад заҳр ханд хоҳад буд

Ба ҷустан ту сари андари ҷаҳони нуҳуми рӯзӣ

Вагар серум ба мисли дар каманд хоҳад буд

Чу аз мақоми ту чашмам ба роҳ бояд дошт

Гумон мабар ту ки гӯшам ба панд хоҳад буд

Ба Авҳадии суханӣ чанд нақд талх бигӯӣ

Ки ба зи шарбати ширин қанд хоҳад буд