Дилам дар дом ишқ афтод ҳило

Фитода ҳар чаҳ бодои боди ҳило

Чу дилро дар ғамаш фарёдрас нест

Маро аз дасти дили фарёди ҳило

Бар оби чашми ман киштӣ баронед

Ки тӯфон дар ҷаҳон афтод ҳило

Бидиҳ соқӣ , чу киштии соғар май

Ба ёди диҷлаи Бағдоди ҳило

Манам Вомиқ , туе узро вафо кун

Туе ширини манам Фарҳод , ҳило

зи ашку сӯзу оҳи ман ҳазар кун

Ки боронасту барқу боди ҳило

Чу дод бедилон додӣ , нигоро

Макун бар ҷони ман бедоди ҳило

Гар аз ҷаври ту рӯзии пеши султон

Чу мазлӯмон бхоҳм дод ҳило

Магӯ аз талху шӯр , эй мутриб , имрӯз

Ки хусрави дил ба ширин дод ҳило

зи қавли Авҳадӣ бар бедилон хон

Ғазалҳое ки дории ёди ҳило