Дӯш бе рӯй ту боғи айшро обӣ набӯд
Мурғу моҳӣ хоб карданду маро хобӣ набӯд
Дар китоби толеъ шӯрида мекардам назар
Беҳтар аз хок дарат рӯй маро обӣ набӯд
Бо хаёли партави рухсор чун хуршеди ту
Чашми дилро ҳоҷиби шамъӣ ва маҳтобӣ набӯд
Чашми ман тӯфон ҳаме борид дар пои ғамат
Гар чаҳ аз гармии диламро дар ҷигар обӣ набӯд
Дар намоз аз дили баҳри ҷониб ки мекардам нигоҳ
Ақлро ҷузи тоқи абрӯии ту миҳробӣ набӯд
Ҷузи лаби хўшидаҳу чашмтар андари ҳиҷри ту
Азтару хушки ҷаҳонами барг ва асбобӣ набӯд
Авҳадиро домани андар дӯстӣ шуд ғарқи хӯн
Зонка баҳри дӯстиро ҳеҷ поёбӣ набӯд