Ҳар ки ӯ бидқи ин арса шавад шоҳ шавад

Вонкаҳ давр уфтад азин доира гумроҳ шавад

Рози худ бо дил ҳар зарра ҳаме гуяд дӯст

То азин воқеаи худ ҷон ки огоҳ шавад ?

Ба ҳақиқати ҳамаи парвонаи шамъ рух ӯст

Рӯй хубони ҷаҳон ,гар ба мисли моҳ шавад

Гар чаҳ бар роҳи дилами дом наад аз сари зулф

Зон расанҳо , дилам он нест , ки дар чоҳ шавад

Лабаш аз коми дилӣ давр набошад , лекин

Нодир ояд ба кафи он давлат ва ногоҳ шавад

Ҳайраташ ҳар нафас оҳем бар оради зи ҷигар

Тарсами ойӣнаи дил дар сари ин оҳ шавад

Бо муроди дили маъшӯқи ҳаме бояд сохт

Кори ошиқ , ба наво , хоҳ нашуд , хоҳ шавад

Коҳ бояд ки бинозад ки харидорӣ ёфт

Каҳраборо чаҳ тафохур ки пай коҳ шавад

Ҳар ки донист ҳикоят натавонист аз вай

Орифонро сухан ӣнҷост ки кӯтоҳ шавад

Авҳадӣ , бар дараш афтодагӣ аз дасти мада

Зонка афтодагии ӣнҷои мадад ҷоҳ шавад