Дар ишқ агар забони ту бо дил яке шавад

Роҳи турои ҳазор ва ду манзил яке шавад

Зини обу гул гузар кун ва машну ки : дар вуҷӯд

Он кӯи гули офаринад бо гул яке шавад

Як асл ҳосил ояд ва он асли ном ӯ

Рӯзӣ ки аслу фаръи масойил яке шавад

Ҷуз дар тариқ ишқ надидам ки : ҳеҷ вақт

Мақтӯл бо иродати қотил яке шавад

Онкаш кушода шуд назарӣ бар ҷамоли ҳақ

Машну ки : бо музахрафи ботил яке шавад

Гар сад ҳазор нақш бидорӣ муқобилаш

Бо ӯ магари ҳақиқати қобил яке шавад

Роҳ ар барад ба ҳалқаи ибдоъёни дилат

Пасту баланду хориҷу дохил яке шавад

Бисёр шуд аҷоиби ин баҳр ва чун зи мавҷ

Киштӣ бар оварем ба соҳил яке шавад

Зини лоу лам ба олами тавҳиди роҳи ту

Вақте барӣ , ки сомъу қойил яке шавад

То дар миёни ҳадиси ману Авҳадӣ буд

Ин доварӣ ду бошаду мушкил яке шавад