Кӯи дидае ки бе ту ба хӯн тар намешавад ?
ё рух ки аз фироқи ту чун зар намешавад ?
Зон турра бод нест ки нагирифт буии машк
Зон зулф хок нест ки анбар наме шавад
Пайваста бо манӣу маро бо ту ҳеҷ вақт
Васлӣ ба коми хеш муяссар наме шавад
Зикр ту мекунем ва ба поён наме расад
Васф ту мекунем ва мукаррар наме шавад
Аз хонақоҳу мадрисаи таҳсил чун кунем ?
Моро ки ҷузи ҳадиси ту аз бар наме шавад
Зон санги остона ба дониш фурӯ тарем
Каз остонаи ту фаротар наме шавад
Аз мол ҳайф нест ки андари сар ту рафт
Аз ҷон Авҳадӣаст , ки дар сар наме шавад