Баридан ҳайфам ояд баъд аз он аҳд

Чунин рӯе нишоед он чунон аҳд

Гирифтам аҳди азин беҳтари надорӣ

Ба зӯдӣ тоза кун бории ҳамон аҳд

Чу гули аҳди ту бас нопойдораст

Аз онам пер кардӣ , эй ҷавони аҳд

Ба аҳдат даст мегирӣ , чаҳ судаст ?

Чу як соъат наме пое бар он аҳд

Чу фармонат равон гардид бар ман

Бурун рафтӣ ва бишикастӣ равони аҳд

Миёни бастӣ ба хӯни резам дигар бор

Ту пиндорӣ набӯд андари миёни аҳд

Дареғ , эй тири боло , ар набӯдӣ

Туро бо Авҳадӣ ҳамчун камони аҳд