эй чароғи чашми тӯфони бори мо

Беш азин ғофил мабош аз кори мо

Ҳар замонӣ дар ба рӯй мо мабанд

Гар чаҳ кӯтаҳи дидае девори мо

Шукри он ки хоб мегирад ба шаб

Раҳматӣ бар дидаи бедори мо

эй ки бо ҳар кас чу гули бишкуфта Эй

Беш азин натавон ниҳодани хори мо

Кошкӣ он рух набӯдӣ дар ниқоб

То накардӣ муддаии инкори мо

Бо чунон соид ки бар бозуӣ ӯст

Кас напечад панҷаи айёри мо

Халқи олам гар шаванд ағёру хасм

Нест ғам ,гар ёр бошад ёри мо

Авҳадӣ , май бӯси хоки остон

Кандар он ҳазрат набошад бори мо