Ҳар ки машғӯли ту гашт аз дгарон боз ояд
Вонкаҳ дар пой ту афтод сарафроз ояд
Ҳар кабӯтар ки зи доми сар зулфат биҷаҳад
Ба сари донаи холи ту сабк боз ояд
Вақти ҷон додан агар бар рахт уфтад назарам
Чашми ман то ба лаби гӯри назар боз ояд
Вари саги кӯии ту дар гӯри ман овоз диҳад
Устихонами зи нишоти ту ба овоз ояд
Муфлисиро ки хаёли ту дар уфтад ба димоғ
Гар садаши ғам буд андари тараб ва ноз ояд
Онкӣ бо воқеаи ишқ ту пардохт чу ман
Чаҳ аҷаб ! агар ба сухани воқеа пардоз ояд
Худ гирифтам зи ғам хеш бисӯзӣ ту маро
Чун ман имрӯз ки дорӣ ки сухан соз ояд ?
Қиссаи Авҳадӣ аз роҳ сипоҳон бишинав
Ҳамчуи овозаи саъдӣ ки з Широз ояд