Дил май баради имшаби зи ман он моҳ , бигирӣд
Дуздасту шаби тира , бирав роҳ бигирӣд
Андари пай ӯ оҳ манаст оташи сӯзон
Гар шамъ фурӯ мерад , азин оҳ , бигирӣд
Гардан накунад нарм ба фарёд ва ба зорӣ
ӯро зи чапу рост бо кроаҳ бигирӣд
Ногуҳи дили ман барад , чу огаҳ шудам , ӯ ро
Огоҳ кунед аз ман ва ногоҳ бигирӣд
Ин қисса дарозаст , магӯӣед : чаҳ кард ӯ ?
Гуед : дилӣ гум шуд ва кӯтоҳ бигирӣд
Гар зулф чу шасташ ба каф уфтад зи руху лаб
Як бӯса ва даҳ бӯса , на , панҷоҳ бигирӣд
То зиндаам ӯро бирасонед ба ман боз
Чун мурда шавам , хоҳ бишуд , хоҳ бигирӣд
Зиндони дили мо ҳамаи чоҳ занах ӯст
Дилҳои гурезанда дар он чоҳ бигирӣд
ӯгар надиҳад дод дили Авҳадии имшаб
Фардо ба дар ойед ва дар шоҳ бигирӣд